Бо фармони президенти мамлакат собиқ директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов вазири молияи Тоҷикистон таъин карда шуд. Ӯ дар ин вазифа Сафаралӣ Наҷмуддиновро иваз кард, ки муддати 14 соли ахир дар ин мансаб ифои вазифа мекард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони дигари президент Низом Ҳакимов аз мансаби вазири нақлиёти ҷумҳурӣ озод гардида, ба ин вазифа Хайрулло Асоев таъин гардид.
Қаблан сарвари давлат фармони аз вазифаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон озод кардани Ҳамрохон Зарифӣ ва ба ҷойи таъин шудани намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Асловро ба имзо расонид.
Ҳамин тариқ президент ҳайати нави ҳукумати ҷумҳуриро пурра таъсис дод, ки имрӯз таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нахусташ баргузор мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста