Додихудо Саймиддинов бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Ба ин вазифа Гавҳар Шарофзода, собиқ Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ таъин гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Талбак Салимов аз вазифаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Хайрулло Ибодзода аз вазифаи Мудири шуъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Раҷабалӣ Дамонов аз вазифаи Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шуд. Руҳулло Ҳакимов аз вазифаи Муовини вазири молия озод карда шуда, Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Ҳамдам Тағоймуродов аз вазифаи Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шаҳло Неъматова аз вазифаи Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба корҳои дигар гузаштан озод карда шуданд.
Ба вазифаи Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусамад Раҷабов таъин карда шуд. Дилором Мирсаидова аз вазифаи Мудири шуъба оид ба масъалаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Рустам Азизов аз вазифаи Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод шуда, ба ҷойи ӯ ба ин вазифа Мухтор Фозилов таъин карда шуд.
Рустам Ҷалилов аз вазифаи Ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шуд. Ба ин вазифа Хайрулло Назаров таъин гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста