Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Назира Ғаффорова дар Ассамблеяи байнипарлумонии Осиё таҳти унвони «Асри Осиё: ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод энергетика ва экология», ки чанде қабл дар шаҳри Исломобод ба кор шурӯъ намуд, ширкат меварзад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ хабар дод, ба ҳайати парлумонии Тоҷикистон ҳамчунин вакилони палатаи поёнии парлумон Олим Салимзода ва Амирхон Сафаров низ шомиланд.
«Зимни маърӯзахои худ дар Ассамблеяи байнипарлумонии Осиёи вакилони тоҷик таваҷҷуҳи ҳозиринро ба лоиҳаҳои гидроэнергеткии Тоҷикистон, дурнамои таъсиси бозори ягонаи энергетикии Осиё ва мушкилоти экологии минтақа ҷалб хоҳанд кард», - гуфт манбаъ.
Қобили зикр аст, ки ҷаласаи қаблии Ассамблеяи байнипарлумонии Осиё соли 2010 дар пойтахти Сурия баргузор шуда буд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста