Нимаи дуюми рӯзи 13-уми декабр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии як қатор шаҳру ноҳияҳо, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоту сохторҳо тағйироти кадрӣ амалӣ намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Раҳмоналӣ Амиров аз вазифаи Раиси шаҳри Исфара озод карда шуда, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ваҳдат таъин гардид. Ба вазифаи иҷрокунандаи Раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидов таъин карда шуд.
Имом Мирзоев иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Файзобод ва Амирбек Маҳмадалиев иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Ёвон таъин карда шуд. Саидбурҳон Абдураҳмонов иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Дарвоз таъин гардид.
Маҳмадсаид Пиров Муовини якуми вазири фарҳанг, Аъламхон Наимӣ Муовини вазири молия, Искандар Раҷабов Муовини Вазири корҳои дохилӣ ва Ҷӯрахон Зоиров Сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ таъин карда шуданд.
Ҳамчунин сардорони як қатор раёсатҳои сохтории Вазорати корҳои дохилӣ ва шуъбаҳои зиёди он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар иваз карда шуданд.
Чанд тағйироти кадрии дигар дар мақомоти амният ва назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ҳам Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста