Ахири ҳафтаи гузашта нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо нахустин сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ободонӣ ва кабудизоркунӣ, ташкили инфрасохтори зарурӣ ва омода намудани маркази вилоят ва шаҳрҳои атрофи он барои гузаронидани чорабиниҳои бузурги байналхалқӣ аз умдатарин масъалаҳое буданд, ки дар ҷараёни нахустин сафари кории Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ба вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни ин сафар Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар маркази омӯзишии Бонки миллӣ, воқеъ дар шаҳри Қайроққум ситоди омодагӣ барои гузаронидани чорабиниҳои байнидавлатии Созмони ҳамкории Шанхай доир намуд. Зикр гардид, ки соли 2014 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай роҳбарии ин ташкилоти бонуфузи байналхалқиро ба ӯхда хоҳад гирифт. Дар робита бо ин давоми соли 2014 чорабиниҳо ва мулоқотҳои муҳими сохторҳои гуногуни давлатӣ ва байнидавлатии аъзои СҲШ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад.
Сарвазири Ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин бо лоиҳаҳои ободонии Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд, аз ҷумла навсозии терминали фурудгоҳ шинос шуда, барои беҳтар намудани тарҳи лоиҳаҳои пешниҳодшуда маслиҳатҳои муфид дод.
Зимни сафари корӣ ҳамчунин бо иштироки мутахассисони соҳа лоиҳаи навсозии роҳҳои автомобилгарди ҳудуди шаҳри Чкалов, махсусан роҳи марбут ба фурудгоҳ ва қисман ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шахсони масъул супориш дод, ки лоиҳаи навсозии роҳро мувофиқ ба талаботҳои ҷаҳонии роҳсозӣ ва чароғонсозии замонавӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин Сарвазир кишвар Қоҳир Расулзода дар якҷоягӣ бо иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Чкалов, Бобоҷон Ғафуров ва Қайроққум аз кӯчаҳои асосии автомобилгард боздид ба амал оварда, барои чароғонии кучаҳо, ободонӣ ва шинондани дарахтони ҳамешасабз дар роҳҳои асосӣ аз рӯи нақшаи муайян ва бо ҷалби мутахасисон ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста