Нимаи дуюми рӯзи 16-уми декабр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Муовини якум Давлаталӣ Саидов ва муовини Сарвазир Азим Иброҳим, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.
Бино ба иттилои хадламоти мтабуоти сарвари давлат, дар машварат масъалаҳои вобаста ба фаъолияти истеҳсолии ширкати алюминийи тоҷик (ТАЛКО) ва таъмини мардум бо нерӯи барқу гармӣ дар фасли зимистон баррасӣ шуд.
Нахуст ҳисоботи роҳбарияти ширкати ТАЛКО шунида шуд. Чунонки зикр гардид, ҳоло бар асари бӯҳрони иқтисодию молиявӣ ва коҳиш ёфтани нархи алюминийи аввалия дар бозори ҷаҳонӣ бисёр корхонаҳои ин соҳа дар кишварҳои зиёд аз кор бозмондаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти аҳамияти ширкати ТАЛКО дар иқтисоди миллии кишвар ва нақши бузурги иҷтимоии он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои марбута дастур дод, ки барои дарёфти роҳҳои дастгирии давлатии ин ширкат чораҳои муассир андешанд.
Дастуру супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба таъмини муназзами аҳолӣ бо нерӯи барқ, гармӣ ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои нақлиётии ҷумҳурӣ дар фасли зимистон дода шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста