Ахири ҳафтаи гузашта нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз шаҳри Ваҳдат боздид нммуда, бо ҷараёни сохтмони манзилҳо барои сокинони осебдида аз заминларза ва барқарор кардани иншооти харобшудаи бахши маориф ва тандурустӣ дар ин шаҳр аз наздик ошно гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз котиботи нахуствазир хабар дод, дар ин робита ба нахуствазир маълумот додаанд, ки танҳо ҳукумати шаҳр бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони 10 манзили зистро ба уҳда дорад ва ғайр аз ин, ҷиҳати сохтмони манзил барои осебдидагон аз заминларза ҳамчунин ҳукумати кишвар ва дигар манотиқи кишвар низ кумак мекунанд.
«Ба сохторҳои дахлдори ҳукуат Қоҳир Расулзода дастуру супориш дод, ки ба корҳои сохтмони манзилҳо ва барқарор кардани иншооти таъиноти иҷтимоӣ ҳарчи бештар суръат бахшида шавад», - гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки бар асари заминларзаи 5-баллаи рӯзи 10-уми ноябри соли 2013 дар Ваҳдат 118 манзил пурра ва 259 хоҷагӣ қисман зарар дида, 12 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Зимни сафар ба шаҳри Ваҳдат Қоҳир Расулзода ҳамчунин бо рафти сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа дар қитъаи роҳи оҳани ояндаи Ваҳдат-Ёвон низ шинос шуд.
Ба иттилои манбаъ, ба нахуствазир дар ин робита маълумот додаанд, ки шурӯъ аз оғози корҳо дар ин қитъа аз соли 2009, 8 километр роҳи оҳан бунёд гардидааст. Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Ёвон-Қӯрғонтеппа як қисмате аз лоиҳаи байнулмилалии сохтмони роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин мебошад
Мутобиқи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳа, сохтмони роҳи оҳан аз Душанбе то Қӯрғонтеппа ба маблағи 130 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад. Дарозии роҳи оҳани қитъаи Ваҳдат-Ёвон бояд беш аз 40 километрро ташкил диҳад. Тибқи лоиҳа, дар иншооти мазкур сохтмони 18 пули хурду бузург ва як нақби дарозиаш 2 ҳазору 340 метр пешбинӣ шудааст.
Хотирнишон месозем, ки моҳи апрели соли 2011 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмони қитъаи воқеъ дар Ваҳдату Ёвон будаи роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа шинос шуда буд. Дар он вақт Сарвари давлат ва ҳамсафаронаш дар қатора масофаи 4,2 километр роҳи оҳанро тай намуда, Президент аҳамияти стратегии ин роҳи оҳанро қайд карда, зикр намуд, ки он масофаи аз шаҳри Душанбе то маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Қӯрғонтеппаро қариб чор маротиба кӯтоҳ месозад.
Ғайр аз ин, моҳи апрел дар Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар зарурати тезонидани корҳо дар иншоот қайд шуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста