Ба аввали соли равон шумори хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон 18,7 ҳазор нафарро ташкил дод.
Зимни нишасти хабарӣ директори Агентии хизмати давлатии назди президенти ҶТ Грез Қосимов дар ин робита изҳор намуд, ки ба ин маълумоти оморӣ намояндагони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шомил нестанд, зеро ин сохторҳо аз салоҳияти Агентӣ берунанд. «Агентии мо танҳо ба хизматчиёни давлатии мулкӣ сарукор дорад», - иброз дошт ӯ.
Қосимов таъкид дошт, ки миёни хизматчиёни давлатии мулкӣ беш аз 12%-ро занон ва ҳудуди 41%-ро афроди синни то 35-сола ташкил медиҳанд. «Ахиран «ҷавоншавӣ»-и сафи мансабдорони давлатӣ ба мушоҳида расида, имрӯз 20-25%-и мансабҳои раҳбарии давлатиро шахсони синни то 35-сола ишғол мекунанд», - қайд кард роҳбари Агентӣ.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар бахши хизмати давлатӣ 482 нафар нафақахӯр мебошанд, ки аз онҳо 253 нафар дар мақомоти марказӣ ва 229 нафар дар мақомоти маҳалли иҷроия кор мекунанд.
«Ба ин шумор 81 нафари нафақахӯрон аз рӯи синнусол шомил буда, муҳлати кори чунин нафақахӯрон мутобиқи қонунгузорӣ ду сол дароз карда шуд ва боқимонда 401 нафақахӯрони машғули кор аз рӯи маъюбӣ нафақа мегиранд ё қаблан дар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор кардаанд», - афзуд Қосимов.
Роҳбари Агентӣ ҳамчунин гуфт, соли гузашта ҳаҷми музди меҳнати хизматчиёни давлатии Тоҷикистон ба андозаи 15-20% зиёд карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста