Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро ба ҳузур пазируфт.
Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҷумҳурӣ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар мулоқот масоили омодагӣ ба ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ки рӯзҳои 22-24-уми январ дар Душанбе доир мегардад, баррасӣ шуданд.
«Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки ба рӯзномаи ҷаласаи зикршуда масоили марбут ба ҳамкориҳои ҷонибҳо дар бахшҳои энергетика, истихроҷи нафту газ, муҳоҷират, илм ва таҳқиқот ворид гардидаанд», - иброз дошт Муҳиддинов.
Ба гуфтаи ӯ, нахуствазири Тоҷикистон ва дипломати рус изҳори итминон краданд, ки ҷаласаи навбатии комисияи байниҳукуматии кишварҳо дар сатҳи баланди тадорукотӣ сурат хоҳад гирифт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста