Дар ҷараёни сафари корӣ ба минтақаи Кӯлоб нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода аз бозори марказии «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб, ки рӯзи 12-уми январ аз сӯхтор осеб дида буд, боздид кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири халамоти матуботи президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов нахуствазирро бо рафти корҳои барқароркунӣ дар бозор шинос карда, таъкид дошт, ки бозор то таҷлили ҷашни Наврӯз пурра барқарор карда хоҳад шуд.
«Расулзода ба ҳукуматдорони маҳаллӣ дастур супориш дод, ки зимни барқарор кардани бозор ба ба масоили бехатарии зиддисӯхтор ва мутобиқати фурӯшгоҳҳо ба талаботи муосир ва санитарӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир созанд», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки шаби 12 ба 13-уми январ дар бозори марказии «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб сӯхтор сар зада , мағоза ва фурӯшгоҳҳои бахши савдои маҳсулоти саноатӣ ва мавриди ниёзи аввалияи мардум ба коми оташ рафтанд.
Тибқи арзёбии пешакии оташнишонон, сӯхтор майдони 3 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, 96 мағоза ва 382 фурӯшгоҳ ба коми оташ рафтанд. Дар хомӯш кардани сӯхтор аз 14 адад техникаи махсус, 4 автомашинаи обпошак, 2 пойгоҳи обкашӣ ва даҳҳо адад техникаи дигар истифода шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста