- Ҳукумати Русия аз ҳайати нави ҳукумати Тоҷикистон таҳти раҳбарии нахуствазири нав умедвориҳои зиёд дорад», - иброз дошт муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов зимни суханронӣ дар ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар Душанбе.
Шувалов қайд кард, ки муносибатҳои Русияву Тоҷикистон дар самтҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ҳоли рушд қарор дошта, дар ҳамаи ин шаклҳо ҳарду кишвар шарикони комилҳуқуқ ва ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо омодаанд.
«Зимни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон моҳи октябри соли 2012 як қатор мувофиқаҳо ҳосил шуда, аз рӯйи натиҷаҳои ин сафар президент ба ҳукумати Русия ҷиҳати амалӣ сохтани ин тавофуқот дастуру супориш дод, ки як қисмате аз онро мо то имрӯз ба иҷро расонидем ва ояндаи наздик табодули асноди тасдиқи чанде аз созишномаҳо дар назар аст», - гуфт ӯ.
Номбурда зикр кард, ки вазифаи асосии ҷаласаи мазкур муайян кардани самтҳои нави ҳамкориҳои барои тарафайн судманд аст. «Қабл аз сафар ба Душанбе ман ба президенти Русия гузориш додам ва ӯ дар ин бора назди мо вазифа гузошт, ки онро ба иҷро мерасонем», - иброз дошт Шувалов.
Дар навбати худ роҳбари ҳайати Тоҷикистон нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода зикр кард, ки «Русия барои мо дар тамоми муносибатҳо ҳамеша шарики стратегӣ буд ва боқӣ мемонад».
«Муносибатҳои мо чун анъана ба робитаҳои зич дар самтҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, гуманитарӣ ва ғайра асос ёфта, тамоили рушд касб кардаанд», - таъкид дошт ӯ.
Расулзода аз ахиран кам шудани масъалаҳои ҳалношуда дар муносибатҳои Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду фарҳанг ва соҳаи низомӣ тайи солҳои ахир гувоҳи кӯшишҳои ҳарду ҷонибанд.
Аз рӯи натоиҷи ҷаласа нимаи дуюми имрӯз ба имзо расидани як қатор санадҳои ҳамкорӣ ва вохӯрии роҳбарони ҳайатҳо бо намояндагони ВАО дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки субҳи имрӯз то оғози кори ҷаласаи комиссия Қоҳир Расулзода ва Игор Шувалов мулоқоти хосса оростанд.
Интизорӣ меравад, ки ҳамчунин имрӯз муовини аввали нахуствазири Русияро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур хоҳад пазируфт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста