Чанде қабл нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода аз ноҳияи Ҳисор боздид намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмон дар иншооте, ки мавриди истифода қарор гирифтанашон ба муносибати ҷашни 3000-солагии Ҳисор дар назар аст, аз наздик шинос шуд.
Сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Расулзода ба мақомоти раҳбарии вазорату идораҳои дахлдор ва ҳукумати ноҳия ҷиҳати таваҷчуҳи ҷиддӣ зоҳир намудан ба сифати корҳои иҷрошуда дар иншооти ҷашнӣ дастуру супориш додааст.
«Нахуствазир ҳамчунин дастур дод, ки истифодаи мақсадноки воситаҳои буҷетии барои сохтмони ин иншоот ҷудошуда таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шавад», - гууфт ӯ.
Ба қавли Муҳиддинов, зимни боздид аз ноҳияи Ҳисор Қоҳир Расулзода ҳамчунин дар маросими ба истифода додани маркази фарҳанг барои кӯдакон низ ҳузур дошт.
Қобили зикр аст, ки ҷашни 3000-солагиии ноҳияи Ҳисор соли равон таҷлил мегардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста