Бо пешниҳоди ҳукумат Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ имрӯз ба нишондиҳандаҳои буҷети давлатии соли 22014 тағийроти навбатӣ ворид мекунад.
Узви Кумита оид ба молия ва буҷети палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин дафъа ҳукумат дархост кардааст, ки воридоти бланкаҳои шиносномаҳои биометрӣ ва кортҳои идентификатсионӣ (корти шиносоӣ, IDcard) ва ҳамчунин таҷҳизот барои пур кардани онҳо, ки воридоти онҳо аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ сурат мегирад, аз андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд.
«Пешниҳоди худро ҳукумат бо он асоснок мекунад, ки дар сурати аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумрукӣ озод шудани воридоти бланкаҳо ва кортҳо бо теъдоди умумии 600 ҳазор дона, нархи онҳо коҳиш меёбад», - зикр кард Талбаков.
Ба қавли ӯ, аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумрукӣ озод шудани воридоти бланкаҳо ва кортҳо ба буҷети давлатӣ дар ҳаҷми умумии 18 млн. 825 ҳазор сомонӣ маблағи даромад ворид намешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста