Бинобар сабаби ба нафақа баромадан вобаста ба вазъи солимӣ роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло аз вазифааш озод карда шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали корхонаи мазкур Владимир Собкалов хабар дод.
Асад Зойиров, собиқ сардори корхонаи зертобеъи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» - «Роҳсоз» ба ҷойи Амонулло Ҳукуматулло сардори корхона таъин шудааст.
Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон дар робита ба изҳороти сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло нигаронии шадид изҳор намуда буд.
Тайи солҳои ахир нисбати КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва оилаи сардори он дар расонаҳо хабарҳои пурсарусадо мунташир гардиданд, ки ба ошкор шудани миқдори зиёди маводи мухаддир дар вагонҳои қатораҳои ин идора, шароитҳои ғайрисанитарӣ дар қатораҳо, рух додани садамаи нақлиёт бо иштироки писари сардори корхона ва мурофиаҳои судии писари калонии сардори корхона – Рустам Ҳукумов бо рӯзномаи «ИмрӯзNews» марбут буданд.
Дар нишасти хабарии ахир Амонулло Ҳукуматулло аз журналистон дархост карда буд, ки ӯро осуда гузоранд ва имкон диҳанд, ки то моҳи май кор карда, оромона ба нафақа равад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста