Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон протокол дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи фаъолияти корӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон аз 16-уми октябри соли 2004 якдилона тасдиқ шуд.
Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағоева зикр кард, ки тағйироту иловаи мазкур ба протоколи зикршуда санаи 29-уми октябри соли гузашта дар Маскав ба имзо расида буданд.
«Мувофиқи тағйироту илова, аз ин ба баъд шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни убури марзи Русия, метавонанд муддати се сол дар қаламрави Русия кор кунанд. То имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон ба фаъолияти корӣ дар Русия ба муддати як сол ҳуқуқ доштанд, ки пас аз он мебоист ҳатман муваққатан қаламрави Русияро тарк мекарданд», - иброз дошт Тағоева.
Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи маълумоти расмӣ, соли гузашта бо мақсади муҳоҷирати корӣ қаламрави Тоҷикистонро ҳудуди 800 ҳазор нафар шаҳрвандон тарк карда, беш аз 643 ҳазор нафар ба ватан баргаштаанд.
Тағоева ҳамчунин изҳор намуд, ки беш аз 90%-и муҳоҷирони кории тоҷик ба сифати муҳоҷират Русияро интихоб мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста