Дар шабакаи ҷаҳонии Интернет варианти санҷишии портали (даргоҳ)-и ҳукумати электронии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дорад.
Роҳбари Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Қадамҷон Сафиев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки портал бо суроғаи www.hukumat.tj моҳи декабри соли гузашта мавриди истифода қарор гирифта, варинати санҷишӣ (тестӣ) мебошад.
«Портал алҳол мавриди санҷиш ва омӯзиши коршиносон қарор дошта, паҳлӯҳои фаннӣ ва иттилоотӣ, тарзи ороиш ва дигар ҷанбаҳои он омӯхта мешаванд», - гуфт Сафиев.
Ба гуфтаи ӯ, мавриди истифода қарор гирифтани варинати ниҳоии портал ба кӯшиши гурӯҳи кории дар ин самт фаъолиятдошта вобаста буда, вале санаи дақиқи он ҳанӯз маълум нест.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон муддати чандин сол аст, ки рӯйи ҷорӣ кардани ҳукумати элкетронӣ тадбир меандешад. Дар ин самт махсус «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар ҶТ» аз соли 2011 ва барномаи махсуси амалисозии он таҳия шудааст.
Дар марҳилаи аввали ташаккули ҳукумати электронӣ роҳандозии сомонаҳои фаъоли интернетии корхонаву муассиаҳои давлатӣ дар назар дошта шудааст, лекин то ҳанӯз аксари муассисаҳо сомонаи расмии худро надоранд.
Чанде қабл зимни нишасти хабарӣ муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Рафиқҷон Шокиров дар робита ба ин масъала изҳор намуда буд, ки «ҳукумати электронӣ соли 2025 пурра ташкил карда хоҳад шуд».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста