Субҳи имрӯз таҳти сарварии муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон намояндагони ҳайати ҳукумати Тоҷикистон оид ба масоили таъин ва аломатгузорӣ дар қитъаҳои баҳсии марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба Бишкек сафар карданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.
Имрӯз дар пойтахти Қирғизистон ҷонибҳо натоиҷи фаъолияти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили низомӣ ва марзӣ ва ҳамчунин дигар масоили марбут ба аломатгузорӣ ва ташхис дар марзи давлатӣ ва истифодаи роҳҳои наздимарзиро баррасӣ хоҳанд кард.
«Бино ба тавофуқи қаблан ҳосилшуда, натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳҳои корӣ то ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии зикршуда ифшо нахоҳанд шуд», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, бо пешниҳоди ҳайати Тоҷикистон дар рӯзномаи гуфтушуниди имрӯза ҳамчунин масъалаи барқарор кардани фаъолияти тамоми гузаргоҳҳои марзӣ, ки аз 11-уми январ яктарафа аз ҷониби Қирғизистон баста боқӣ мемонанд, низ ворид карда шудааст.
Ёдрас мекунем, ки барои амалисозии бандҳои протоколи рӯзҳои 30-31-уми январи соли 2014 дар Бишкек баимзорасида миёни ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон таҳти роҳбарии муовинони нахуствазирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитов се гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда буданд, ки бояд масоили дар боло зикршударо баррасӣ мекарданд ва рӯзи 5-уми феврал ин гурӯҳҳо ба фаъолият пардохта буданд.
Аз ҷониби Тоҷикистон гурӯҳи масоили низомӣ ва марзиро ёвари президент оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев, оид ба масоили аломатгузорӣ дар марзро раиси Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезия Маҳмадтоҳир Зокиров ва гурӯҳ оид ба истифодаи роҳҳои наздимарзиро вазири нақлиёт Хайрулло Асоев роҳбарӣ мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста