Дар ҳошияи сафари корӣ ба Эрон субҳи имрӯз раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Теҳрон бо дабири куллии Ассамблеяи парлумонии Осиё доктор Муҳаммад Ҳодӣ Наҷот Ҳусейниён дидору гуфтушунид кард.
Котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» аз Теҳрон дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди муносибатҳо дар бахшҳои таҳияи қонунҳо, таҳкими робитаҳо тавассути гурӯҳи дӯстии парлумони Тоҷикистон ва Ассамблеяи парлумонии Осиёро баррасӣ кардаанд.
«Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои тақвияти кӯшишҳои Ассамблеяи парлумонии Осиё ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар минтақа, рушди иқтисод, бахши иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист табодули назар намуданд», - зикр кард Султонов.
Қобили зикр аст, ки Ассамблеяи парлумонии Осиё соли 1999 дар Бангладеш таъсис дода шуд. Дар баробари Тоҷикистон боз 41 кишвари қораи Осиё аъзои он буда, 17 давлат мақоми нозир дар назди Ассамблеяро доро мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста