Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ ба азнавсозии густардаи ҳайати кормандони худ шурӯъ мекунад. Чанд рӯз қабл дастгоҳи Хадамоти гумрук дар бораи ишғоли беш аз 60 вазифаҳо дар сохтори хадамот озмун эълон кард.
Сардори маркази матбуоти Хадамоти гумрук Ҳумайрои Ашӯр ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки қабул ба кор дар хадамоти гумрук бар асоси натиҷаҳои озмун бори нахуст сурат мегирад. Талаботи асосӣ ба довталабон - таҳсилоти олӣ-касбии ҳуқуқшинос, иқтисодчӣ ва фаъолияти гумрукӣ, донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад) ва қобилияти кор бо технологияи иттилоотиии замонавӣ мебошад. Синни довталаб набояд аз 35-сола боло бошад.
«Бо супориши раҳбарияти нав ба кор дар хадамоти гумрук асосан ҷавонони қобилиятнок ва донандаи ҳадди ақал ду забон ҷалб шуда, ҳамчунин ба таври истисно бидуни озмун ба кор дар хадамоти гумрук хатмкардагони Академияи гумруки Русия, ки дар асоси шартномаи тарафайни мақомоти гумруки ҳарду кишвар таҳсил кардаанд ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қабул шуда метавонанд», - шарҳ дод Ҳ.Ашӯр.
Дар ҳамин ҳол, чанде аз коршиносон азнавсозии ҳайати кормандони хадамотро ба чанде қабл ба гумони ришваситонӣ ба миқдори ниҳоят зиёд боздошт шудани ду нафар мансабдори воломақоми хадамоти гумрук рабт медиҳанд.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи январи соли равон кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ аз рӯйи далели гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ду корманди воломақоми Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ-ро ба ҳабс гирифтанд.
Сардори гузаргоҳи гумрукии «Терминал»-и хадамот дар шаҳри Душанбе Анвар Ҳоҷиев ва сардори гузаргоҳи гумрукии «Регар»-и хадамот дар шаҳри Турсунзода Шарифхон Носиров барои мусоидату кумак ҷиҳати ба кор қабул шудан ба хадамоти гумрук аз як шаҳрванди ҷумҳурӣ 15 ҳазор доллари ИМА пора талаб кардаанд. Ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 13 ҳазор доллари ИМА Ш.Носиров дастгир шуд.
Пас аз ин муовини аввали сардори Хадамоти гумрук Ашӯралӣ Мирзоев аз мансаб барканор шуд, вале дар хадамот аз шарҳи робита доштани ҳодисаи боздошт бо аз мансаб сабукдӯш шудани Мирзоалиев худдорӣ намуда буданд.
Қобили зикр аст, ки ахири моҳи нобяри соли гузашта писари калонии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон – Рустами Эмомалӣ ба вазифаи сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ таъин карда шуд. Дар ин мансаб ӯ Гурез Зариповро иваз кард, ки ба нафақа баромад.
Фаъолияти кории худро дар Хадамоти гумрук Рустами Эмомалӣ аз вазифаи сардори Раёсати мубориза бо қонуншинканиҳои гумрукӣ оғоз карда, сипас ба ҳайси муовини сардори Хадамоти гумрук ифои вазифа карда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста