Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи қонун «Дар бораи нафту газ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз муаллифони лоиҳаи қонуни мазкур узви Кумитаи иқтисод, буҷет, молия ва андози палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков хабар дод, лоиҳаи қонун ба танзими масоили қонунгузорӣ дар бахши истихроҷи нафту газ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳиши вобастагии кишвар аз воридоти ин навъи маҳсулот ва ҳалли дигар масоили марбут ба ин соҳа нигаронида шудааст.
«Барои дар сатҳи зарурӣ таҳия намудани ин қонун, мо – муаллифони он аз Туркманистон боздид намуда, бо таҷрибаи кишвари ҳамсоя дар бахши истихроҷи нафту газ ва қонунгузориҳо дар ин соҳа аз наздик ошно гардидем», - зикр кард Талбаков.
Бино ба иттилои котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов, дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи мубориза бо хариду фурӯши одамон», «Дар бораи кумак ба ҷабрдидагон аз хариду фурӯши одамон» ва масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва ВАО» низ баррасӣ шуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста