Бо супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода аз вилояти Суғд боздид намуда, бо ҷараёни омодагии пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими обёрӣ ва рафти сохтмони иншооти муҳими иқтисодӣ ва саноатӣ шинос шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҷумҳурӣ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, зимни боздид аз ноҳияи Зафаробод ба нахуствазир маълумот дода шуд, ки пойгоҳҳои обкашии ноҳия рӯзҳои наздик ба кор омода мегарданд.
«Расулзода таваҷҷуҳи кормандони масъули ин бахшро ба саривақт пардохт намудани музди меҳнати коргарони пойгоҳҳои обкашӣ ва таъмини онҳо бо қисмҳои эҳтиётии зарурӣ ҷалб намуд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки ҳангоми боздид аз шаҳри Хуҷанд нахуствазир бо ҷараёни сохтмони корхонаи маҳсулоти ширӣ, биноҳои маъмурӣ ва маркази омодакунии бофандагон ва қолинбофон аз наздик ошно гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста