Чанде қабл нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ҳамоҳангсози минтақавии Намояндагии Раёсати Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Осиёи Марказӣ Сабер Азамро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар ҷараёни мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои ҳукумати Тоҷикистон бо Раёсати Комиссариати олии СММ дар самти таъмини ҳуқуқҳои гурезагон ва мушкилоти минтақаи Осиёи Марказӣ дар таъмини амнияти онҳо баррасӣ шуданд.
«Сабер Азам ба тадбирҳои андешишидаи ҳукумати Тоҷикистон оид ба қабули гурезагон, таъмини ҳуқуқи онҳо ба кор ва дастрасӣ ба маълумот баҳои баланд дод», - зикр кард Муҳиддинов.
Ба қавли ӯ, Қоҳир Расулзода аз сатҳи ҳамкориҳои ҳукумати ҷумҳурӣ бо Раёсати Комиссариати олии СММ дар самти таъмини ҳуқуқҳои гурезагон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки айни замон ҳудуди 2 ҳазор нафар мақоми паноҳҷӯянда дар Тоҷикистонро соҳиб шудаанд, ки аксарашон шаҳрвандони Афғонистон мебошанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста