Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров субҳи имрӯз ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаҳои навбатии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (17-18-уми апрел) ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия раҳсипор шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палати поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар шаҳри Санкт-Петербург ҳайати парлумонии Тоҷикистон ҳамчунин дар кори форуми «Дурнамои иқтисодии Авруосиё» низ иштирок хоҳад кард.
Ба иттилои манбаъ ба ҳайати парлумонии Тоҷикистон раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Убайдулло Давлатов, Амирқул Азимов, Олимҷон Салимзода, вакилон Давлаталӣ Давлатзода, Исмоил Талбаков, Саодат Амиршоева, Мунаввара Кенҷаева, Суҳроб Шарипов, аъзои палатаи болоии парлумон Қаҳҳор Маҳкамов, Иброҳими Абдуллозода ва дигарон шомиланд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста