Имрӯз таҳти раёсати нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли 2014 ва вазифаҳо барои нимсолаи аввали соли равон ҷаласаи васеи Раёсати ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, зимни ҷаласа зикр гардид, ки дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 7,8 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли гузашта 7% зиёдтар аст.
Ба иттилои манбаъ, нахуствазири ҷумҳурӣ аз ҷараёни афзун гардидани бақияи қарзи андоз, иҷро нагардидани қисмати хароҷоти буҷети давлатӣ, пардохт нагардидани музди маоши кормандон дар аксар ташкилоту идораҳои мамлакат, фаъолияти нокифояи корхонаҳои хурду бузурги саноатии мамлакат ва дигар камбудиҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ карда, барои рафъи онҳо ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат дастуру супоришҳо дод.
Зимнан зикр гардид, ки Қоҳир Расулзода шахсони масъулро ба афзун намудани иқтидори содиротии мамлакат, ноил гардидан ба беҳбуди вазъ дар соҳаи саноати сабук ва дар маҷмӯъ бахши сармоягузорӣ вазифадор намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста