Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намоянлагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир гардид.
Тавре котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласа лоиҳаҳои Қонунҳои ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ „Дар бораи хизмати давлатӣ“, «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ“, «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни ҶТ „Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон“, „Дар бораи сафари хизматии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои гузаронидани вохӯриҳо бо интихобкунандагон“ баррасӣ шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, тамоми масъалаҳои дар ҷаласаи Шӯро баррасишуда ҷиҳати омӯзишу хулосабарорӣ ба кумитаву комиссияҳои палатаи поёнии парлумон фиристода шуданд.
«Бо қарори Шӯро аз 28-уми апрел то 4-уми май ҳамаи вакилони МНМО ҶТ бо сафарҳои хизматӣ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ раҳсипор шуда, ба интихобкунандагон бандҳои асосии паёми президент ба парлумонро шарҳу тавзеҳ медиҳанд ва ҳамчунин назари аҳолӣ ба ҷараёни таҳияи қонунҳоро меомӯзанд», - иброз дошт Султонов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста