Президенти Тоҷикистон аз парлумон дархост кард, ки Зариф Ализода ба муҳлати навбатӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон таъин карда шавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, масъалаи мазкур имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров баррасӣ шуд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи қонун «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ», лоиҳаи тағйироту илова ба қонун «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон низ баррасӣ шуданд.
«Дар ҷаласаи Шӯро масъалаи созишномаи бурсӣ (Амалиёти махсус) оид ба лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз» миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд низ матраҳ гардид», - гуфт манбаъ.
Дар идома зикр гардид, ки тамоми масъалаҳои дар ҷаласаи Шӯрои МНМО ҶТ баррасишуда ҷиҳати омӯзиш ба кумита ва комиссияҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ фиристода шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста