Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи ворид намудани тағйироту илова ба қонуни ҶТ ««Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо» баррасӣ шуд.
Дар тағйироти мазкур пешбинӣ мешавад, ки шахсони истифодабарандаи ба истилоҳ «коктейлҳои Молотов» (омехтаи сӯзанда аз маводи зудоташгиранда) дар макони маҷлисҳову гирдиҳамоиҳои шаҳрвандон ва ҷойи издиҳоми мардум, ба шахсоне баробар карда мешаванд, ки ғайриқонунӣ аз силоҳи оташфишон истифода мекунанд.
Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин ҳолатҳо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба истифодаи таъҷилии силоҳи оташфишон нисбат ин гурӯҳи шахсон ваколатдор карда мешаванд.
Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯрои МНМО ҶТ ҳамчунин лоиҳаҳои тағйироту илова ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», «Дар бораи химзати давлатӣ» низ баррасӣ шуданд.
Дар идома зикр гардид, ки тамоми масъалаҳои аз ҷониби Шӯро баррасишуда ҷиҳати омӯзишу баррасии муфассал ба кумитаҳои дахлдори МНМО фиристода шуданд. Бо қарори Шӯро, ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум рӯзи 30-юми май дар шаҳри Душанбе доир мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста