Дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи панҷуми МНМО ҶТ вакилон пешниҳоди президент дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро ҷонибдорӣ намуданд.
Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала вакили палатаи поёнии парлумон Шакарбек Самадов изҳор кард, ки тағйироту иловаи пешниҳодшуда, пеш аз ҳама ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ нигаронида шудаанд.
Ба гуфтаи вакил, аксари созмонҳои байнулмилалие, ки дар бахши пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва азхудкунии маблағҳои бо роҳи ҷинояткорӣ бадастомада машғуланд, ба кишварҳои минтақа тавсия медиҳанд, ки чунин тағйироту илова қабул карда шавад.
«Мутобиқи тағйироту илова, то қабул ба кор довталабон барои ишғоли мансабҳои давлатӣ аз санҷиши махсус мегузаранд, ки тартиби онро ҳукумат муайян мекунад. Ғайр аз ин, эъломияҳо дар бораи даромади солонаи хизматчиёни давлатӣ низ мавриди санҷиши махсус қарор дода шуда, дар сурати ошкор гардидани маълумоти бардурӯғ дар он, хизматчии давлатӣ аз мансаб сабукдӯш карда мешавад», - таъкид дошт Самадов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста