Зимни мулоқоти раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Гурҷистон дар Тоҷикистон Константин Жгенти вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Гурҷистон баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии МНМО ҶТ, дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки соли ҷорӣ аз барқарории муносиботи дипломатӣ миёни кишварҳо 20 сол сипарӣ мешавад, вале, мутаассифона, дар ин муддат равобити ду кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, танҳо се асноди ҳуқуқии ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расидаанд.
Шукурҷон Зуҳуров изҳори умедоврӣ намуд, ки дар бораи ҳамкорӣ асноди иловагии аз ҷониби Тоҷикистон ба ҳукумати Гурҷистон пешниҳодшуда ба имзо мерасанд. Ҷонибҳо ҳамчунин муҳим будани таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумониро таъкид карданд.
Константин Жгенти дар навбати худ иброз дошт, ки Гурҷистон ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ҳамеша омода аст ва ҳамчун намояндаи кишвараш дар Тоҷикистон аз тамоми имконот барои боз ҳам тақвият ёфтани равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Гурҷистон истифода хоҳад кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста