Парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон таъини Мирослав Ниёзов ба вазифаи сафири Қирғизистон дар Тоҷикистонро маъқул шуморид. Дар ин бора хабаргузории «24.kg» бо истинод ба хадамоти матбуоти парлумон иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар Кумитаи Жогору Кенеши Қирғизистон оид ба умури байнулмилалӣ номзадии Ниёзов ба сифати сафири нави Қирғизистон дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
«Раиси Кумита Канибек Имоналиев таҷрибаи андӯхтаи дипломатии Мирослав Ниёзовро таъкид намуда, аз рӯи натиҷаи баррасиҳо ба таъини ӯ ба вазифаи сафири Қирғизиситон дар Тоҷикистон розигӣ дода шуд», - менависад хабаргузорӣ.
Мирослав Ниёзов соли 1951 таваллуд шуда, собиқ раиси Шӯрои амният ва қаблан низ намояндагии дипломатии Қирғизистон дар Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст.
Дар вазифаи сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон ӯ Урмат Саралаевро, ки соли 1975 таваллуд шудааст, иваз мекунад. Санаи 20-уми октябри соли 2010 бо фармони президенти Қирғизистон Урмат Саралаев сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон таъин шуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста