Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ имрӯз раиси МНМО Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро аз ҳодисаи ҳамлаи чанде қабл ба худаш дар шаҳри Кӯлоб содиршуда пас аз вохӯрӣ бо ҷавонони маҳаллӣ огоҳ кард.
Имрӯз зимни ҷаласаи навбатии парлумон Шукурҷон Зуҳуров ба Муҳиддин Кабирӣ дар ин робита изҳор намуд, ки барои баррасии ин ҳодиса дар ҷаласа зарурате нест ва илова кард, ки «ин масъаларо бо вазири корҳои дохилии кишвар баррасӣ мекунад».
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 10-уми июн баъд аз анҷоми вохӯрии раиси ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб бо ҷавонон болои раис ва ҳайати ҲНИТ ҳамла сурат гирифт.
Ба андешаи Кабирӣ, «дарафтодагон» хоҳони амали ҷавобии бадрафторонаи намояндагони ҲНИТ буданд, вале сарфи назар аз иғвогариҳо, аъзои ҳизб посух ба онҳоро лоиқ надонистанд.
Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти ҲХДТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар мавриди ин ҳодиса чунин ибрози андеша кард, ки «дар ҷомеаи демократие, ки мо имрӯз дар он зиндагӣ дорему меъёрҳои онро риоя мекунем, чунин муносибат ба як амали маъмулӣ табдил ёфтааст. «Ин ҳодисаи ба ин монанди аввалину охирин нест. Ин ҳам яке аз навъҳои изҳори норозигӣ буда, гувоҳи он аст, ки аҳолии ин минтақа аз фаъолияти ин ҳизб қаноатманд нест», - зикр кард номбурда.
Шоми дирӯз ба Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар бораи аз ҷониби афроди номаълум ба сӯйи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ партофта шудани помидору тухми мурғ ариза ворид гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста