Ахири ҳафтаи сипаришуда нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои хавфноки наздисоҳилии дарёи Панҷ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон шинос шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, нахуствазир бо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои Сарбанд ва Хилтони соҳили дарёи Панҷ ва мавзеи наздик ба канали Чубек, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар маблағгузорӣ шудаанд, аз наздик ошно гардид.
«Дар мавзеъҳои зикршуда ва канали Чубек корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, нахуствазир ба корхонаву ташкилотҳои дахлдор ҷиҳати захираи маводи сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмон ва ҷалби техникаи иловагӣ баҳри суръат бахшидан ба корҳо дастуру супоришҳо дод», - гуфт манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста