Рӯзи 15-уми июл Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни сафар Қоҳир Расулзода нахуст дар ноҳияи Зафаробод бо вазъи пойгоҳҳои обкашӣ ва ҳолати таъминоти хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия бо об шинос шуд.
Тавре маълум гардид, силсилапойгоҳҳои обкашии “Мирзочул” дар айни замон бо дарназардошти паст будани сатҳи оби дарёи Сир фаъолияти пурра надошта, заминҳои таиноти кишоварзии ноҳияро ба миқдори зарурӣ бо об таъмин намекунад.
Барои таъмини фаъолияти мунтазам ва беҳдошти сатҳи обрасонӣ дар ноҳия сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода масъулини соҳаро вазифадор кард, ки лоиҳаи ба таъмири пурра фаро гирифтани қубурҳои калонҳаҷми асосии обрасонро таҳия карда, асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ гузаронанд. Дар баробари ин тавуҷҷуҳи асосӣ ба масъалаи таъминоти доимии иншооти обрасон бо барқ нигаронида шуда, корҳои тоза намудани каналу қубурҳо сари вақт ба анҷом расонида шаванд.
Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо ҳолати нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ ва таъминоти хоҷагиҳои деҳқонӣ бо об шинос шуд. Қоҳир Расулзода дар маҷмӯъ вазъи кишоварзӣ ва ҳолати таъминоти соҳа бо обро муътадил арзёбӣ карда, роҳбарияти ноҳия ва шахсони масъулро барои таъмини бемамонияти хоҷагиҳои кишоварзӣ бо об, тақсимоти дуруст ва истифодаи самараноки об дар ҳамин замина, афзун намудани ҳосилнокии майдониҳои таъиноти кишоварзӣ вазифадор кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста