Дар иҷлосияи навбатии имрӯзаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ вакилони палатаи болоии парлумон барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ҳабси судяи Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ Ҷалол Исроилов розигӣ доданд.
Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода изҳор намуд, ки Ҷалол Исроилов аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ба гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд айбдор карда мешавад.
«Судяи суди олии иқтисодӣ барои мусоидат ба бекор намудани қарори раиси ноҳияи Мастчоҳ ва суди иқтисодии вилояти Суғд нисбати раиси яке аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Мастчоҳ, аз ӯ 8 ҳазор доллари ИМА пора талаб кардааст», - гуфт Салимзода.
Дар идома ӯ зикр кард, ки баъди ба ваъда вафо накардан, раиси хоҷагии деҳқонӣ баргардонидани маблағи 8 ҳазор доллари ИМА-ро тақозо намудааст.
«Судя ба воситаи писараш ба сокини ноҳияи Мастчоҳ 2180 доллари ИМА аз ин маблағро баргардониданӣ шуда, ҳангоми супурдани маблағ писараш боздошт ва муқобили падари худ баёнот дод», - қайд кард прокурори генералӣ.
Ба гуфтаи ӯ, дар нома ба унвони раиси Агентии зиддифасод Ҷалол Исроилов пурра ба гуноҳи худ иқрор шуда, маблағи боқимондаи ба сифати пора гирифтаашро ба муфаттишон баргардонидааст.
Дар ҳамин ҳол, аз Суди олии иқтисодии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки Ҷалол Исроилов 65-сола ва дар мақомоти судӣ таҷрибаи 40-солаи корӣ дорад. «Ду сол қабл аз вазифаи судяи Суди олии ҷумҳурӣ озод шуда, ба вазифаи судяи Суди олии иқтисодии кишвар гузаронида шуда буд», - гуфт манбаъ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста