Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда (превентивӣ) дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енчаро ба ҳузур пазируфт.
Сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти минтақавӣ, рушди ҳамкории кишварҳои минтақа дар бахшҳои обу энергетика ва ҳалли мушкилот дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия баррасӣ шуданд.
«Зикр гардид, ки СММ ва сохторҳои он ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба сохтмони роҳҳои минтақавӣ ва роҳандозии робитаҳои нақлиётии комуникатсиониро ҳамеша дастгирӣ мекунад», - қайд кард Муҳиддинов.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин рафти омодагиҳои Тоҷикистон ба нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста