Чанде қабл муовини нахуствазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода, бо фаъолияти муассисаҳои иҷтимоии ноҳия ва мушкилоти мавҷудаи онҳо шинос шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукукмати вилояти Хатлон хабар дод, зимни сафар муовини нахуствазир ба масъалаҳои омодагии бемористону мактабҳо ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ ба мавсими зимистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардааст.
«Марҳабо Ҷабборӣ ҳамчунин бо занони ноҳия як қатор мулоқотҳо ороста, ба масъалаҳои таъмини онҳо бо ҷойи корӣ ва амалисозии тадбирҳо бобати ҳифзи иҷтимоии занон мароқ зоҳир намуд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки муовини нахуствазир имрӯз аз ноҳияҳои Хуросон ва Ҷомии вилояти Хатлон низ боздид мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста