Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумон доир гардид.
Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯпро масоили ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» ва «Дар бораи милисия» баррасӣ шуданд.
«Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамчунин масоили марбут ба тасдиқи Созишномаи бурсӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд оид ба лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии осиёимиёнагӣ оид ба такмили фаъолияти хадамоти марзбонӣ», Созишнома миёни Тоҷикистону Афғонистон дар бораи ҳавасмандсозӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориҳо, Созишнома миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи аз ҳарду ҷониб ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони намояндагиҳои дипломатӣ, Созишнома миёни Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб дар бораи аз ҳарду ҷониб ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони намояндагиҳои дипломатӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласаи Шӯрои масъалаи сафарҳои хидматии вакилони палатаи поёнии парлумон ба шаҳру навоҳии кишвар ҷиҳати мулоқот бо интихобкунандагон, ки аз 15-уми сентябр то ахири ҳамин моҳ идома меёбанд, низ матраҳ гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста