Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия Рустам Хамитовро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, зимни мулоқот Қоҳир Расулзода таъкид дошт, ки Тоҷикистон ба ҳамкориҳои гуногунҷанба бо минтақаҳои Русия таҳким бахшида, минбаъд низ ба рушду густариши онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад.
«Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Бошқирдистон дар бахшҳои саноати кӯҳӣ, саноати сабук ва нассоҷӣ, хӯрокворӣ, коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, рушди парандапарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ баррасӣ шуданд», - қайд кард Муҳиддинов.
Ёдрас мекунем, ки нишасти СҲШ дар соли 2015 дар пойтахти Бошқирдистон – шаҳри Уфа баргузор мешавад. Дар нишасти созмон дар Душанбе раёсат дар СҲШ аз Тоҷикистон ба Русия мегузарад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста