Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта губернатори шаҳри Санкт-Петербург Георгий Полтавченко бо сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов мулоқот кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Санкт-Петербург, дар мулоқот масъалахои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши муҳоҷирати корӣ ва ҳамчунин корҳои омодагӣ ба баргузории Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе баррасӣ шуданд.
Полтавченко таъкид доштааст, ки ба Санкт-Петербург муҳоҷирони соҳибкасб ва донандаи забони русӣ заруранд ва шаҳрдорӣ ба ташкили марказҳои омӯзишӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла кумак ҷиҳати тайёр кардани омӯзгорон ва пешниҳоди методу усулҳои таълим омода аст.
Баргузории Рӯзҳои Санкт-Петербуг дар Душанбе моҳи ноябри соли 2014 дар назар аст. Дар доираи ин чорабинӣ конфронс оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба, мизҳои гирд ва машваратҳо доир гардида, ҳамчунин барномаи пуршукӯҳи фарҳангӣ низ омода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, нашрияи «Петербургский дневник» менависад, Полтавченко ва Сатторов ҳамчунин масъалаи имкони ифтитоҳи консулгарии Тоҷикистон дар ин шаҳрро низ баррасӣ намудааанд.
Раиси шаҳри Санк-Петербург ба мақомоти дахлдори шаҳрдорӣ ҷиҳати дарёфти бинои муносиб барои консулгарӣ дастуру супориш додааст,- менависад ОК-информ.ру .
Зимнан зикр мегардад, ки айни замон дар шаҳри Санкт-Петербург ҳудуди 120 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста