Вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Давлаталӣ Давлатзода имрӯз ба шаҳри Санкт-Петербург раҳсипор шуд, ки дар он ҷо дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ рӯзҳои 15-16-уми октябр дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонуни қолабӣ «Дар бораи абадӣ гардонидани хоираи ҳимоятгарони Ватан» иштирок мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ вакилони парлумонҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ, коршиносон ва намояндагони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви Иттиҳод ширкат хоҳанд варзид.
«Дар ҷараёни кори гурӯҳ баррасии ҳар як моддаи қонуни қолабӣ «Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи ҳимоятгарони Ватан» дар назар аст, ки ба қабули қонунҳои ба ин монанд дар кишварҳои Иттиҳод замина мегузорад», - таъкид дошт Султонов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста