Тибқи фармони вазири корҳои хориҷаи Русия ба вазифаи консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренко таъин гардид. Ӯ дар ин симмат ҳамкасби хеш Александр Копнинро иваз намуд.
Бино ба иттилои хадамаоти матбуоти раиси вилояти Суғд чанде қабл раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ консули генералии навтаъиншуда ва собиқро ба ҳузур пазируфта, изҳор дошт, ки ҳамкориҳои мутақобилаи дуҷониба минбаъд низ густариш дода мешавад. Зикр гардид, ки Тоҷикистон бо Русия равобитаи дустонаву самарабахш дорад ва байни ин ду давлат як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Зимни сӯҳбат Валерий Бондаренко қайд намуд, ки бори нахуст ба вилояти Суғд ташриф овардааст ва рушду ривоҷи самтҳои мухталифи хоҷагии халқи минтақаро дар ҳоли устувор ва пешрафта мебинад ва дар фаъолияти минбаъдааш баҳри мустаҳкам намудани ҳамкориҳои дуҷониба ҷаҳду талош хоҳад варзид. Ҳамчунин собиқ консули генералӣ Александр Копнин изҳор дошт, ки 4 сол инҷониб дар ин вазифа кору фаъолият дошт ва аз ҳамкориҳои судманд бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қаноатманд мебошад.
Бояд қайд намуд, ки айни замон вилояти Суғд бо якчанд минтақаҳои Русия меморандум ва созишномаҳоро бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расонидааст. Аз ҷумла меморандум бо шаҳру вилоятҳои Иванова, Свердловск, Оренбург ва кишвари Олтой, созишнома бошад бо вилояти Астрахан баста шудааст. Дар ин радиф айни замон лоиҳаи ҳамкориҳои минтақавӣ бо вилоятҳои Самара ва Новосибирск дар марҳилаи татбиқ қарор дорад.
Роҳбари вилоят оид ба нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят маълумот дода, зикр дошт, ки соли равон дар вилояти Суғд дар асоси дастуру супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардида, дар ин радиф дар шаҳру навоҳии вилоят як қатор марказҳои омӯзишӣ ташкил карда шудааст. Ҳамчунин дар натиҷаи таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ дар вилоят зиёда аз 33 ҳазор хоҷагиҳои хурди инфиродиву оилавӣ таъсис ёфтааст. Ҳамзамон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифтааст майдонҳои бекорхобидаи дашти Сомғорро ба гардиши кишоварзӣ дароварда, дар ин мавзеъ шаҳраки нав ва боғи интенсивӣ бунёд намояд. Бадин васила дар вилоят раванди муҳоҷирати меҳнатӣ коҳиш ёфта, аз оғози сол то ба имрӯз 40 ҳазор нафар муҳоҷирон дар дохили кишвар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста