Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба сохтмони давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Убайдулло Давлатов дар кори ҷаласаи дурӯзаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ (АБП ИДМ) оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтмони давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ иштирок мекунад.
Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи мазкур лоиҳаи қонунҳои қолабӣ (модулӣ) «Дар бораи тартиби иштироки мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар ҳамкории наздимарзӣ», «Дар бораи мақоми шахси интихобшавандаи худидоракунии маҳаллӣ», қонунҳо «Дар бораи усулҳои умумии ташкили худидоракунии маҳаллӣ» ва «Дар бораи усулҳои умумии ташкили молияи маҳаллӣ» дар таҳрири нав баррасӣ мешаванд.
Аъзои комиссия ҳамчунин атрофи лоиҳаи Консепсияи рушди устувор ва бехатари кишварҳои узви АБП ИДМ, лоиҳаи Асосҳои қонунгузории консепсияи рушди устувор ва бехатари кишварҳои узви АБП ИДМ ва лоиҳаи Кодекси хадамоти давлатӣ ва шаҳрдорӣ барои кишварҳои узви ИДМ низ табодули назар мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста