Хю Филпот сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон таъин карда шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд.
Ба ҳайси ҷойгузини Робин Орд-Смит, ки ба вазифаи дигари дипломатӣ таъин шуд, Филпот аз моҳи январи соли оянда ба иҷрои вазифаи сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ мекунад.
Филпот фаъолияташро соли 1980 дар Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир оғоз намуда, ба маҷмӯи васеи масоил, аз ҷумла масъалаҳои амнияти байнулмилалӣ, муносибатҳо бо кишварҳои хориҷӣ ва Шарқи Наздик сарукор доштааст. Қаблан ӯ дар шаҳрҳои Осло, Будапешт, Бағдод, Вашингтон ва Мускат фаъолияти корӣ анҷом додааст.
Дар Вазорати рушди байнулмилалии Британияи Кабир ӯ ба масъалаи кумаки техникӣ ба Русия машғул шуда, дар Вазорати соҳибкорӣ, инноватсия ва ҳунарҳо ба шабакаи илм ва инооватсия раҳбарӣ кардааст.
Дар робита ба таъиноти худ ба ин вазифа Филпот изҳор намудааст, ки бесаброна оғози фаъолияташ дар ин давраи барои рушди Тоҷикистон муҳимро интизор аст. «Ман хушнудам, ки ҷиҳати таҳкими муносибатҳо бо мардум ва ҳукумати Тоҷикистон бароям имкон фароҳам шуд», - иброз доштааст ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста