Ахири ҳафтаи сипаришуда нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони роҳи оҳани қитъаи Ваҳдат – Ёвон шинос шуд.
Сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нахуствазир ва намояндагони вазорату идораҳое, ки ӯро ҳамроҳӣ доштанд, бо рафти сохтмони иншоот аз истгоҳи Ваҳдат то истгоҳи Ёвон аз наздик ошно гардиданд. Айни замон дар сохтмони ин иншоот ҳудуди 130 адад техника сафарбар шуда, беш аз 375 нафар коргарону мутахассисони ватаниву хориҷӣ машғули коранд ва дар зарфи 10 моҳи соли равон дар сохтмони ин роҳи оҳан зиёда аз 48 млн. сомонӣ маблағҳо азхуд шудаанд.
Қоҳир Расулзода дар иншооти мазкур ҷаласаи ситоди сайёри сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвонро доир намуда, ҷиҳати суръат бахшидан ба корҳо, иҷрои хушсифати корҳои сохтмонӣ, оқилона истифода бурдани воситаҳои ҷудошуда ва афзоиши шумори мутахассисон дар иншоот дастур супоришҳои мушаххас дод.
Ба гуфтаи Муҳиддинов, дар ҷамоати Даҳанаи ноҳияи Ёвон нахуствазири кишвар ҳамчунин бо ҷараёни корҳои кишоварзон дар бахши парвариши сабзавот дар гармхонаҳо низ шинос шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста