Чанде қабл нахуствазири Тоҷикистон Қ оҳир Расулзода аз шаҳри Роғун боздид намуда, дар маросими ба истифода додани як қатор иншоот иштирок кард.
Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, бо иштироки нахуствазири кишвар бинои нави дуошёнае мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он осорохона, китобхона, мактаби мусиқӣ ва маркази эҷодӣ барои кӯдакон фаъолият хоҳанд кард.
«Мавриди истифода қарор гирифтани бинои мазкур, ки дорои 27 ҳуҷраи кории васеъ аст, ба ҳалли мушкилоти норасоии ҷой барои фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва таълимотӣ дар шаҳри Роғун мусоидат мекунад», - гуфт Муҳиддинов.
Зимнан зикр гардид, ки Қоҳир Расулзода дар маросими ба истифода додани бинои нави суди шаҳр, ки ба маблағи 1,5 млн. сомонӣ сохта шудааст, низ ҳузур дошт. «Нахуствазир ҳамчунин дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирфтани бинои сеошёнаи меҳмонхона, ки барои сохтмони он зиёда аз 3 млн. сомонӣ маблағ масраф шудааст, низ иштирок кард», - афзуд номбурда.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста