Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Раиси ҳайати Парлумони Аврупо оид ба муносибат бо кишварҳои Осиёи Маркази Ивета Григулеро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Тавре котиби матбуотии палати поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни мулоқот масоили густариши ҳамкориҳои парлумони Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар бахшҳои қонунофарӣ, демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуданд.
«Татбиқи бомуваффақияти барномаи «Дастури аврупоӣ дар самти демократия ва ҳуқуқи инсон» -ро бояд махсус қайд кард. Ин на танҳо лоиҳаҳои бешумор, ки аз ҷониби ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо татбиқ мегарданд, балки тағйиротҳои куллӣ дар соҳаи қонунгузорӣ низ мебошанд, - иброз дошт Ш.Зуҳуров. - Дар ин қатор эълон доштани моратория барои ҳукми қатл, механизми ҳуқуқии пешгирии шиканҷа, таъмини баробарии гендерӣ, вохӯриҳои мунтазам дар ҳошияи ҳуқуқи инсонро метавон махсус қайд намуд».
Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо аз фаъолияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ, ки ҳанӯз моҳи январи соли 2010 таъсис ёфта буд, изҳори қаноатмандӣ карданд. «И.Григел қайд кард, ки дар Парлумони Аврупо муаррифиномаи ҳайати вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон оид ба ҳамкориро, ки моҳи ноябри соли 2012 пешкаш гардида буд, хуб дар хотир доранд», - таъкид дошт манбаъ.
Дар идома зикр гардид, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин ба масоили марбут ба таҳкими марзи давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон ва рушди бештари ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои илму фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста