Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имрӯз ба пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод раҳиспор шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.
Бино ба гуфтаи манбаъ, дар пойтахти Туркманистон ҳамчунин як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷонибаи Қоҳир Расулзода низ дар назар аст.
Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласи рӯзи 21-уми ноябр нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳод ҳудуди бист лоиҳаи аснод оид ба ҳамкориҳо дар самтҳои гуногунро баррасӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла ҷараёни амалисозии муқаррароти Шартнома дар бораи савдои озод аз 18-уми октябри соли 2011 мавриди таҳлил қарор мегирад. То имрӯз онро Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия ва Украина тасдиқ намуда, шартнома барои онҳо мавриди амал қарор гирифтааст. Тоҷикистон то ҳанӯз расмиёти тасдиқи ин шартномаро ба анҷом нарасонидааст. Ғайр аз ин, 31-уми майи соли гузашта Ӯзбекистон низ ба ин Шартнома ҳамроҳ шуд.
Гуфта мешавад, дар ҷаласа ҳамчунин атрофи лоиҳаҳои Созишномаҳо дар бораи савдои озоди хизматгузориҳо, Протокол оид ба қоида ва расмиёти танзими харидҳои давлатӣ, фаъолияти Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи боигариҳои зеризаминӣ давоми солҳои 2011-2013, масоили рақобатпазирӣ ва нархгузорӣ дар бозори нафт ва маҳсулоти нафтӣ, ҳамкориҳо дар бахши энергетикаи атомӣ, рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуманитарӣ, густариши ҳамкориҳо дар бахши сайёҳӣ дар паҳнои ИДМ, ба чане аз макотиби олии кишварҳо додани мақоми муассисаҳои заминавӣ барои такмили ихтисос дар соҳаи металллургиву кӯҳкорӣ, истифодаи энергияи атомӣ, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва ғайра табодули назар сурат мегирад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста