Ҳайати ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон таҳти сарварии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (рӯзҳои 26-29-уми ноябр) ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия раҳсипор шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Шавкат Саидов хабар дод, ҳайати парлумонии Тоҷикистонро дар ин чорабиниҳо муовини раиси палатаи поёнии парулмони ҷумҳурӣ Назира Ғаффорова, собиқ президенти ҶТ, узви Маҷлиси миллӣ Қаҳҳор Маҳкамов, раиси шаҳри Кӯлоб, узви Маҷлиси миллӣ Абдуғаффор Раҳмонов, раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанов, Амирқул Азимов, Хайринисо Юсуфӣ, Сафаралӣ Раҷабов, Убайдулло Давлатов, вакилони палатаи поёнии парлумон Амрохон Сафаров, Исмоил Талбаков ва Баракатулло Атохоҷа намояндагӣ мекунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста