Рӯзи 25-уми ноябр аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи амният», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм», “Дар бораи амнияти озуқаворӣ”, кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ ва мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи металлҳои қимматбаҳо ва сангҳои қимматбаҳо», “Дар бораи гаравхона” ва “Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа” ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Ташкилоти байналмилалии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул, пурзӯр намудани муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин мустаҳкам кардани мавқеи Тоҷикистон дар ин самт равона карда шудаанд.
Тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” бо мақсади таҳкими минбаъдаи иштироки ҷавонон дар рушди ҷомеа, ҳалли масоили иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳои ҳаёти кишвар, мусоидат ба дастгирии давлатии ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи иҷтимоии онҳо равона гардида, ҳамзамон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Шӯрои миллии кор бо ҷавононро пешбинӣ менамояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста