Дар доираи иштирок дар кори ҷаласаи навбатии нахуствазирони кишврҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Остона, нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод.
Тавре ба «Азия-Плюс» тариқи телефон аз Остона сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, субҳи имрӯз Қоҳир Расулзода бо нахуствазири Қазоқистон Карим Масимов мулоқот карда, дар ҷараёни он масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо дар бахши иқтисод ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму фарҳанг баррасӣ шуданд.
«Нахуствазири ҷумҳурӣ имрӯз ҳамчунин бо нахуствазири Афғонистон Абдулло Абдулло низ дидору гуфтушунид карда, дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкориҳои мутақобила дар бахшҳои энергетика, коммуникатсия, нақлиёт, амният ва тиҷорат матраҳ гардиданд», - иброз дошт Муҳиддинов.
Ба гуфтаи ӯ, нимаи дуюми имрӯз нахуствазири Тоҷикистонро дар ҳайати нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба ҳузур мепазирад.
Дар ҷаласаи мазкур дурнамои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни кишварҳои узви СҲШ баррасӣ шуда, ҳамчунин тадбирҳои аввалиндараҷа оид ба густариши бештари ҳамкориҳои мутақобила бо назардошти тағйирот дар иқтисоди глобалии минтақа мувофиқа мешаванд.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа баёнияи муштарак ва қарорҳо дар бораи ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти СҲШ, аз ҷумла оид ба тасдиқи буҷет барои соли 2015 ва ворид намудани тағйирот ба Қоидаҳои молиявӣ қабул мешаванд. Ҳамчунин имзои санадҳо дар бораи густариши ҳамкорӣ миёни хадамотҳои гумруки созмон омода мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста